А. АШӮР: «ММД РӮ БА АФЗОИШ АСТ»
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2009-ум 2,8 афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии он 7826,6 миллион сомониро ташкил дод. ММД дар ин давра ба ҳар як сари аҳолӣ ба 1050 сомонӣ баробар мебошад. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 27 июл, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 114,7 фоиз, гардиши савдои чакана — 113,9 фоиз ва аз ҳисоби афзоиши хизматрасонии нақлиёт оид ба боркашонӣ ва мусофиркашонӣ 104 фоиз ба амал омад. «Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пастшавии соҳаи саноат 1,3 пункти фоизӣ, кишоварзӣ 2,6 пункти фоизӣ ва сохтмон 0,5 пункти фоизӣ мушоҳида мегардад, ки дар маҷмӯъ аз кам гардидани ҳиссаи истеҳсоли молҳо — 4,4 пункти фоизӣ ва зиёд гардидани ҳиссаи хизматрасониҳо — 8 пункти фоизӣ шаҳодат медиҳад», — идома дод А. Ашӯр. Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ индекси миёнаи нархи молҳои озуқаворӣ нисбат ба моҳи декабри соли гузашта 2,1 фоиз, нархи молҳои ғайри озуқа 2,4 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ ба андозаи 7,3 фоиз зиёд шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






