А. САТТОРОВ: «ҲАДАФИ МО МОНОПОЛИСТ ШУДАН НЕСТ»
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба кам ворид шудани мошинҳои сабукрав таъсир расонид, ки аз ин сабаб ба буҷаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» кам маблағ ворид шуд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов иброз дошт. Ӯ афзуд, ки Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳадафи дар бозори суғуртавии мамлакат монополист шуданро надорад. Аммо, рақобат байни ширкатҳои суғуртавӣ бояд рақобати солим боша два дар натиҷаи он сифати хизматрасонӣ низ беҳтар мегардад. «Бигзор имрӯз дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ даҳҳо ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият кунанд, лекин рақобати солимро ба роҳ монанд, ки тавассути он сатҳу сифати намудҳои суғурта ва хизматрасонӣ баланд гардад», — тазаккур дод А. Сатторов. Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳамаи намудҳои суғурта ба буҷаи «Тоҷиксуғурта» 15.675,9 ҳазор сомонӣ пардохт ворид шудааст, ки 110 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз ин шумора 10.896,8 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 4.779 ҳазор сомонии дигараш ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб аст. Дар ин давра Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 4.100,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ҳақгузорӣ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1.377,2 сомонӣ зиёд мебошад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






