АМАЛИ НОҶОЙИ ОМӮЗГОР- ПОДОШИ CАЗОВОР

Июль 9, 2009 10:18

                    Душанбе, 9 июл. (АМИТ "Ховар", Анварбек Сиддиқов).- Дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидан орзуи ҳар як ҷавон мебошад. Вале мутаассифона на ҳар як довталаб ин орзуи худро амалӣ карда метавонад, зеро ки ҳоло ҳам дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки садди роҳи онҳо гардида, даст ба порахурӣ зада, шаъну шарафи омӯзгорро паст мезананд.                    Баъзе аз кормандони масъули Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз зумраи ин қабил ашхосанд.                    13 июни соли 2009 аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбати аъзои комиссияи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба қабули имтиҳоноти соли хониши 2008-2009 Фузайлов Абдулазиз Авезбоевич, ки айни замон дар вазифаи директори ҳамин коллеҷ фаъолият менамояд, бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд.                   Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд, тафтишоти пешакӣ муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод шаҳрванд А. бо мақсади дохил намудани фарзандаш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳои шахсиашро ба комисияи қабул супоридааст. Номбурда ба воситаи шиносаш шаҳрванд М. бо аъзои комиссияи қабули имтиҳонот Фузайлов шинос гашта, барои дохилшавии духтараш ӯро илтимос мекунад.  Фузайлов бо сӯистифода аз мансаби хизматӣ бо мақсади гирифтани пора барои ба сафи донишҷӯёни Коллеҷи мазкур дохил намудан аз ӯ 1000 долари амрикоӣ талаб карда мегирад.Ба ҳамин монанд Фузайлов такроран кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода аз шаҳванд Қ. барои дохил намудани фарзандаш ва ҷиянаш 1200 доллари дигарро ба сифати пора гирифтааст.                   Ҳамин тариқ ӯ аз беҷазо мондани худ истифода бурда ба таври мунтазам ба гирифтани пора даст зада, дар алоҳидагӣ зиёда аз 10 нафар довталаб аз 500 то 1000 доллари америкоӣ гирифтааст, ки ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ бо далелҳои ҷамъовардашуда тасдиқи худро ёфтаанд.                  Тафтиш муайян намуд, ки довталабони дар боло қайд шуда, дар асл ба Коллеҷи тиббӣ дохил нашуда, то ба имрӯз гуё донишҷӯ мебошанд, ному насаби онҳо ба ҳайати гурӯҳҳо дохил карда шуда ба номи онҳо шаҳодатномаи донишҷӯӣ дода шудааст. Бо чунин амал ҳамаи довталабон ва волидони онҳоро А. Фузайлов бовар кунонидааст, ки онҳо донишҷӯ мебошанд. Номбурдагон то ба имрӯз оиди надоштани фармони дохилшавӣ ба Коллеҷи тиббии мазкур хабар надоранд.                 Тафтиши пешакӣ аз рӯйи ин парвандаи ҷиноӣ идома дошта дигар ҳолатҳои содиркардаи Абдуазиз Фузайлов муайян карда мешаванд.                 Албатта дар мактабҳои олӣ ва касбиву техникӣ чунин амалу рафторҳои номатлуб ҷой доранд, ки шахсони тасодуфии сатҳи донишашон паст бо ҳар роҳу восита дохил мешаванду дар оянда мутахасисиони соҳибкасб ба даст оварда наметавонем. Сари ин амал андеша бояд кард.  

Июль 9, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд