АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ГРОЗНИЙ

Июль 28, 2009 15:42

                  Грозний, 28 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — 26 июл соати 17 дар шаҳри Грозний дар наздикии толори марказии консертӣ таркиши сахт рух дод. Лаҳзаи таркиш дар дохили толор қариб 800 нафар ҷамъ омада буд. Ба намоиши ҳамонрӯза дар толори консерт президенти Чеченистон Рамазон Қодиров низ даъват шуда буд, вале ӯ бо сабаби серкориаш аз консерт дер монд.                 Дар натиҷаи ин амали террористӣ шаш нафар ҳалок ва чор нафар маҷрӯҳ шуд. Президенти Чеченистон Р.Қодиров ин амали террористиро ҷонкании пеш аз марги силоҳбадастон номид. Вай зикр намуд, ки қувваҳои ҳукуматӣ муборизаро то нест кардани охирин террорист ва охирин силоҳбадаст давом медиҳанд.                 Таъкид карда шуд, ки ҳар нафари ба сӯи кормандони милиса оташ кушода бояд нобуд карда шавад. Мо набояд ҳаёти кормандони мақомоти худро зери хатар гузорем.                   Рамазон Қодиров изҳор намуд, ки роҳбари силоҳбадастони чечен Доку Умаров ба муқобили тамоми миллати чечен ҷанг эълон кардааст ва ӯ айни ҳол дар Туркия зиндагӣ мекунад.

Июль 28, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд