АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ГРОЗНИЙ
Грозний, 28 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — 26 июл соати 17 дар шаҳри Грозний дар наздикии толори марказии консертӣ таркиши сахт рух дод. Лаҳзаи таркиш дар дохили толор қариб 800 нафар ҷамъ омада буд. Ба намоиши ҳамонрӯза дар толори консерт президенти Чеченистон Рамазон Қодиров низ даъват шуда буд, вале ӯ бо сабаби серкориаш аз консерт дер монд. Дар натиҷаи ин амали террористӣ шаш нафар ҳалок ва чор нафар маҷрӯҳ шуд. Президенти Чеченистон Р.Қодиров ин амали террористиро ҷонкании пеш аз марги силоҳбадастон номид. Вай зикр намуд, ки қувваҳои ҳукуматӣ муборизаро то нест кардани охирин террорист ва охирин силоҳбадаст давом медиҳанд. Таъкид карда шуд, ки ҳар нафари ба сӯи кормандони милиса оташ кушода бояд нобуд карда шавад. Мо набояд ҳаёти кормандони мақомоти худро зери хатар гузорем. Рамазон Қодиров изҳор намуд, ки роҳбари силоҳбадастони чечен Доку Умаров ба муқобили тамоми миллати чечен ҷанг эълон кардааст ва ӯ айни ҳол дар Туркия зиндагӣ мекунад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






