АМАЛИЁТИ «ГАЗ» ДАР ХАТЛОН
Қӯрғонтеппа, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз 21 то 31 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти «Газ» гузаронида мешавад. Тавре сардори шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Раҳматшо Ҳусейнов иттилоъ дод, мақсад аз гузаронидани амалиёт пешгирии ҳодисаҳо бо иштироки автомашинаҳое, ки аз таҷҳизоти газӣ истифода мебаранд. Ба иттилои Р. Ҳусейнов, аз аввали сол ҳодисаҳои нохуш вобаста ба нақлиёте, ки аз дастгоҳҳои газӣ истифода мебаранд, ба қайд гирифта нашудаанд. Дар доираи гузаронидани амалиёт ҳамзамон ҳолати техникии таҷҳизотҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории газӣ низ санҷида шуданд ва барои ислоҳ кардани камбудиҳо пешниҳодҳо карда шуд. Алҳол дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии гирду атрофи он 9 нуқтаи фурӯши сӯзишвории газӣ мавҷуд буда, аз аввали сол дар ҳудуди Хатлон ягон садамаи нақлиётӣ бо иштироки нақлиёти газӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






