АМАЛИЁТИ «ГАЗ» ДАР ХАТЛОН

Июль 27, 2009 10:04

                  Қӯрғонтеппа, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз 21 то 31 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти «Газ» гузаронида мешавад.                  Тавре сардори шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Раҳматшо Ҳусейнов иттилоъ дод, мақсад аз гузаронидани амалиёт пешгирии ҳодисаҳо бо иштироки автомашинаҳое, ки аз таҷҳизоти газӣ истифода мебаранд. Ба иттилои Р. Ҳусейнов, аз аввали сол ҳодисаҳои нохуш вобаста ба нақлиёте, ки аз дастгоҳҳои газӣ истифода мебаранд, ба қайд гирифта нашудаанд. Дар доираи гузаронидани амалиёт ҳамзамон ҳолати техникии таҷҳизотҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории газӣ низ санҷида шуданд ва барои ислоҳ кардани камбудиҳо пешниҳодҳо карда шуд. Алҳол дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии гирду атрофи он 9 нуқтаи фурӯши сӯзишвории газӣ мавҷуд буда, аз аввали сол дар ҳудуди Хатлон ягон садамаи нақлиётӣ бо иштироки нақлиёти газӣ ба қайд гирифта нашудааст.   

Июль 27, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид