АНДЕШАҲО АТРОФИ ПУЛУ ПАСАНДОЗҲО
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сарони давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар нишасти навбатии худ ба хулосае омаданд, ки пули ягонаро ба муомилот бароранд. Ин пешниход мардумро ба андешаҳои гуногун овардааст, ки онҳо пулашонро чӣ тавр бояд нигоҳ доранд? Бисёр сокинони ҷумҳурӣ аз нобоварӣ ба системаи бонкӣ дар андешаи онанд, ки беҳтар аст пулҳояшонро аз бонк гирифта дар кӯзаю болишт нигоҳ доранд. Иқтисоддонҳо маслиҳат медиҳанд, ки мардум тавре пулашонро нигоҳ доранд, ки аз он дар оянда самаранок истифода бурда тавонанд. Назариявӣ дар бонк нигоҳ доштани пул беҳтар аст, -мегӯянд бархе аз корафтодагон, зеро он фоизи муайян фоида оварда метавонад. Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки пулро бо чанд намуд асъори хориҷӣ нигоҳ доштан манфиаташ бештар аст. Пули пасандозро ҳамчунин бо металҳои қиматбаҳо иваз кардан ба манфиати кор аст. Онҳое, ки маблағи пасандоз надоранд, умуман дар бораи нигоҳдории пул ҳеҷ андешае ҳам накардаанд ва дар ғами онанд, ки барои хӯроки шом чӣ чизи сабуктареро тановул кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






