АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ АСЛӢ СИТОНИДА МЕШАВАД

Июль 22, 2009 08:20

                     Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30 июни соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» тасдиқ гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани даромади ҳақиқии андозсупорандагон таҳия гаштааст.                      Муовини сардори раёсати ташкили назорати андози Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аимралӣ Мирзоев ҳадаф ва ҷараёни татбиқи қарори мазкурро шарҳ дода, зикр намуд, ки ин қарор барои дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 44 Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ таҳия шудааст. Дар чунин ҳолат, тибқи қисми 2 моддаи 84 Кодекси андоз мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи ӯҳдадории андозсупорандаро дар асоси ҳамагуна маълумоти дастрас ҳисоб кунад.                      Қобили қайд аст, ки усулҳои дар Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» пешбинишуда дар таҷрибаи мақомоти андози давлатҳои Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо истифода мешаванд.                      Чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозбандӣ тибқи қарори мазкур дар ҳолатҳои аз тарафи андозсупоранда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар ҳолати надоштан, сӯхтан ва гум кардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ татбиқ карда мешаванд.                     «Агар дар мавриди гузаронидани санҷиши андоз андозсупоранда ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои аз назаргузаронии (тафтиши) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад ё вобаста ба нигоҳдории объекти андозбандӣ истифода мебарад, иҷозат надиҳад ва бо мақсади андозбандӣ баҳо додани амалиётҳое, ки дорои моҳияти иқтисодӣ нестанд, чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозбандӣ амалӣ карда мешаван», — тазаккур дод А. Мирзоев.                     Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои татбиқи чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ» ҷиҳати муайян намудани даромади ҳақиқии андозсупорандагон таҳия гаштааст, зеро таҳлилу санҷишҳо аз он шаҳодат медиҳанд, кн андозсупорандагон бо ҳар роҳ аз супоридани андозҳо саркашӣ намуда, даромади аслии худро пинҳон менамоянд.  

Июль 22, 2009 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад