АШЁҲОИ ФАРҲАНГИИ РАБУДАШУДА МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Мувофиқи ҳалномаи раиси суди ноҳияи Қумсангир Қ. Нуруллоев 10 адад ашёи фарҳангӣ иборат аз ороишоти занона ва сангҳои ороишӣ ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. 7 июли соли равон кормандони Гумруки Панҷи Поён ашёҳои мазкурро ба вазорат супориданд. Бояд қайд намуд, ки онҳо аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулвоҳиди Ғуломҷон ҳангоми ба тарзи қочоқ аз сарҳади Тоҷикистон гузаронидан, мусодира карда шуд. Ҳамчунин, кормандони ин гумрук ва суди номбурда 762 китобҳои динӣ ва 35 адад дискҳоро бо сабтҳои динӣ, ки ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда буданд, ба Вазорати фарҳанг супориданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






