АЁДАТИ КЎҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ПАРВАРИШГОҲИ ДЕҲМОЙ

Июль 9, 2009 11:22

                       Хуҷанд, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 8 июл дар Рӯзи маъюбон дар деҳкадаи Деҳмой ба аёдати кӯҳансолон ва маъюбон рафт, ки дар ин ҷо дар парваришгоҳи махсус нигоҳубин карда мешаванд. Раиси вилоят ба хонаи кӯҳансолону маъюбон 2 асбоби обгармкунии барқӣ ва 2 кондиционер тӯҳфа кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар ин ҷо 208 шахси куҳансолу маъюб аз ҷумла 78 нафар бачагони маъюби аз 4 то 18 сола зиндагӣ мекунанд.                       Дар хонаи куҳансолону маъюбон тамоми шароити зиндагӣ муҳайё карда шудааст. Ба маъюбон ошхона, китобхона, муоинагоҳи тиббӣ, сартарошхона ва ғайра хизмат мерасонанд. Имрӯз дар вилояти Суғд қариб 49 ҳазор шахси маъюб зиндагӣ мекунад. Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати Рӯзи маъюбон ба 179 оилаи камбизоат ва шахсони маъюб ёрдампулӣ супорида шуд.

Июль 9, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд