АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Июль 17, 2009 14:53

                     Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолияти худро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009», «Консепсияи ҳифзи муҳити зист», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019» равона намудааст,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров дар нишасти матбуотӣ, ки ба ҷамъбасти нимсолаи соли 2009 бахшида шуда буд. Бино ба гуфти раиси Кумита, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 6972 санҷишҳои комплексӣ, мавзӯӣ ва фаврӣ гузаронида шуда, ба қонунвайронкунандагон ба миқдори 11 ҳазору 415 пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки аз онҳо 8250 ададаш ё худ 72,3 фоизаш иҷро гардидааст. Дар ин давра ба маблағи 1 млн. 310 ҳазор сомонӣ пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба тарзи ҷарима рӯёнида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли ғузашта 46,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз он 322,9 ҳазор сомониаш ба буҷаи давлат гузаронида шудааст. Ҳамчунин барои вайрон кардани талаботи қонунгузориҳои дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ба қонуншиканон ба маблағи 289 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд, ки 232 ҳазор сомониаш ситонида шудаст.                    -Дар соҳаҳои гуногуни фъолияти Кумита камбудиҳо ҳанӯз зиёданд, аз ин рӯ мо кормандони васоити ахбори оммаро дар рафъи камбудиҳо ба ҳамкорӣ даъват мекунем, то дар пешниҳоди масъалаҳои ҷиддӣ ба мо кӯмак намоянд,-афзуд раиси Кумита Хурсандмурод Зикиров.                    Дар охир ба хабарнигорон имкон дода шуд, ки дар ин нишас ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гиранд.

Июль 17, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд