АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолияти худро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009», «Консепсияи ҳифзи муҳити зист», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019» равона намудааст,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров дар нишасти матбуотӣ, ки ба ҷамъбасти нимсолаи соли 2009 бахшида шуда буд. Бино ба гуфти раиси Кумита, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 6972 санҷишҳои комплексӣ, мавзӯӣ ва фаврӣ гузаронида шуда, ба қонунвайронкунандагон ба миқдори 11 ҳазору 415 пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки аз онҳо 8250 ададаш ё худ 72,3 фоизаш иҷро гардидааст. Дар ин давра ба маблағи 1 млн. 310 ҳазор сомонӣ пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба тарзи ҷарима рӯёнида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли ғузашта 46,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз он 322,9 ҳазор сомониаш ба буҷаи давлат гузаронида шудааст. Ҳамчунин барои вайрон кардани талаботи қонунгузориҳои дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ба қонуншиканон ба маблағи 289 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд, ки 232 ҳазор сомониаш ситонида шудаст. -Дар соҳаҳои гуногуни фъолияти Кумита камбудиҳо ҳанӯз зиёданд, аз ин рӯ мо кормандони васоити ахбори оммаро дар рафъи камбудиҳо ба ҳамкорӣ даъват мекунем, то дар пешниҳоди масъалаҳои ҷиддӣ ба мо кӯмак намоянд,-афзуд раиси Кумита Хурсандмурод Зикиров. Дар охир ба хабарнигорон имкон дода шуд, ки дар ин нишас ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гиранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






