АЗ СУҒД 44 ҲАЗОР ТОННА МЕВА СОДИРОТ ШУДААСТ

Июль 15, 2009 10:37

            Суғд, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муовини роҳбари раёсати гумруки вилояти Суғд Саид Эрбоев дирӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои гумруки вилоят дар давоми нимаи аввали соли 2009 рафт.             С. Эрбоев зикр намуд, ки нимаи аввали соли равон воридоти воситаҳои нақлиёт ба вилоят хеле коҳиш ёфт. Дар ин давра ба ҳудуди вилоят 11 ҳазору 434 мошин ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 12 ҳазору 631 адад мошин кам аст. Аз ин ҳисоб маблағи ҷамъоварии пардохти гумрук 18 миллион сомонӣ кам шуд.             Ҳамчунин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 дар давоми шаш моҳи соли 2009 ба вилояти Суғд 24 ҳазор тонна кам орд ворид гардид. Аз вилоят ба мамлакатҳои хориҷӣ дар ин муддат ба маблағи 2,2 миллион доллари ИМА 5 ҳазору 35 тонна консерва бароварда шудааст. Ҳаҷми содироти мева 44 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 13 ҳазор тонна бештар мебошад.             Дар ин давра маблағи хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ 332,94 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки аз соли гузашта 98,5 миллион доллар кам мебошад. Умуман нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар ин муддат 79,3 фоиз иҷро карда шуд.  Тарҷумон — Қудратов А.

Июль 15, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад