АЗХУДКУНИИ ИНВЕСТИТСИЯҲО ДАР СОХТМОН ВА ЭНЕРГЕТИКА
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти ба Кумитаи давлатии омор пешниҳод намудаи Вазорати энергетика ва саноат, инвеститсияҳо дар сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2009 ба таври хеле самаранок истифода шудааст. Аз он ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» — 126 миллиону 921 ҳазор сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ исти фода шудааст, ки сохтмон дар ин иншоот дар арафаи анҷомёбист. Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба маблағи 63 млн. 667 ҳазор сомонӣ сармояи инвеститсионӣ мавриди истифода қарор ёфтааст. Аз ҷумла, дар сохтмони ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 43 миллиону 667 ҳазор сомонӣ ва дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 177 миллиону 991 ҳазор сомонӣ маблағ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 миллиону 304 ҳазор сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






