БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ВОРИДОТИ МАБЛАҒҲОИ ИНТИҚОЛӢ ТАЪСИРИ МАН

Июль 9, 2009 08:32

                          Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бӯҳрони ҷаҳонии молию иқтисодӣ ба кам шудани ҳаҷми воридоти маблағҳои интиқолии шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ таъсири амиқи худро расонид. Ин нуқтаро раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни нишасти матбуотӣ 8 июл зикр кард.                          Ӯ афзуд, ки дар ин давра ба шӯъбаҳои БДА «Амонатбонк» 85,5 миллион доллари ИМА маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 фоиз кам мебошад. Имрӯз «Амонатбонк» бо 11 низоми интиқоли маблағ ҳамкорӣ дорад, ки фаъолияти онҳо дар ҳамаи шӯъбаҳои бонк ба роҳ монда шудааст.                          Роҷеъ ба нафақапулиҳои нафақахӯрони ҷумҳурӣ М. Маҳмадаминов тазаккур дод, ки шумораи нафақахӯроне, ки аз ҷониби БДА «Амонатбонк» ба онҳо хизмат расонида мешавад, зиёда аз 531 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пардохти нафақа 247,1 миллион сомонӣ ба суратҳисоби муассисаҳои «Амонатбонк» маблағ ворид карда шуд, ки аз ин ҳисоб 246,5 миллион сомонӣ нафақапулӣҳо пардохт гардид.

Июль 9, 2009 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд