БА 27 ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ИҶОЗАТНОМАИ ФАРМАТСЕВТӢ ДОДА ШУД

Июль 27, 2009 15:08

                 Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -«Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба 27 шахсони ҳуқуқӣ иҷозатнома оид ба фаъолияти фарматсевтӣ дода шуд. Инчунин 17 иҷозатнома оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба расмият дароварда шудааст»,- қайд намуд Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.                Дар давраи сипаришуда ба маблағи беш аз 34 миллион доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд, ки аз онҳо беш аз 15 миллион доллар ёрии башардӯстона, беш аз 18 миллион доллар барои тиҷорат ва 1 миллион доллар бо мақсади истифодабарӣ ташкил додааст.                 Миқдори умумии маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, шубҳанок ва аз қайди давлатӣ нагузашта аз дорухона ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ 6127 номгӯй ба миқдори 274348 адад аз муомилот барои несту нобуд сохтан бозпас гирифта шудаанд ва бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 8450 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуд.

Июль 27, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд