БАДАХШОН МАКОНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ АСТ

Июль 11, 2009 10:16

               Хоруғ, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- дар ноҳияи Ишкошим теъдоди чашмаҳои шифобахш зиёд мебошад. Тибқи хулосаи коршиносон имрӯз дар ин ноҳия қариб 50 адад чашмаҳои калону кӯчак вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо дорои хусусиятҳои табобатианд. Дар даврони Шӯравӣ танҳо ду чашма мавриди истифода қарор дошт. Таи солҳои истиқлолият бошад бо имдоди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ чашмаҳои шифобахши Ямчун ба хизмати маризон вогузор гардид.               Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз соли 2010 тариқи маблағи худию сармоягузорони берунӣ обод намудани чашмаҳои дигари ноҳия оғоз мегардад ва ичунин бунёди меҳмонхонаҳо идома дорад.

Июль 11, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд