БАДАХШОН МАКОНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ АСТ
Хоруғ, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- дар ноҳияи Ишкошим теъдоди чашмаҳои шифобахш зиёд мебошад. Тибқи хулосаи коршиносон имрӯз дар ин ноҳия қариб 50 адад чашмаҳои калону кӯчак вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо дорои хусусиятҳои табобатианд. Дар даврони Шӯравӣ танҳо ду чашма мавриди истифода қарор дошт. Таи солҳои истиқлолият бошад бо имдоди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ чашмаҳои шифобахши Ямчун ба хизмати маризон вогузор гардид. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз соли 2010 тариқи маблағи худию сармоягузорони берунӣ обод намудани чашмаҳои дигари ноҳия оғоз мегардад ва ичунин бунёди меҳмонхонаҳо идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






