БЕҲТАРИН НАЪТХОНОНИ ТОҶИК ҲУНАРНАМОӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 4-уми август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев нахустфестивали ҷумҳуриявии наътхонон баргузор мегардад. Дар он 22 нафар беҳтарин ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар фестивал бо барномаи консертӣ устодони санъат ва овозхонони шинохта ширкат меварзанд. Тавре хабар дода шуда буд, яке аз шартҳои ҷашнвора ин бо либоси миллӣ баромад намуда, одобу фарҳанги наътхонӣ, истифодаи дурусти хусусиятҳои этнографӣ ва мазмуни аслии наът ситоиши Пайғамбари Ислом (с)-ро риоя намудан аст. Мақсад аз баргузории фестивал пос доштани хотираи фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имоми Аъзам (р), ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши равобити фарҳангии байни шаҳру ноҳияҳо ва баҳрабардории беҳтару бештар аз санъати асили мардумӣ мебошад. Зеро афкори Имоми Аъзам дар фарҳанги исломӣ мақоми бунёдиро пайдо намуда, барои ташаккули жанри наъти Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчун яке аз рукнҳои мусиқии суннатии халқи тоҷик низ замина гузоштааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






