БЕМОРИИ А(Н1N1) МАМЛАКАТҲОИ НАВРО ФАРО МЕГИРАД
Женева, 30 июл. АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Дар давоми ду ҳафтаи охир тақрибан дар 20 мамлакат ва ҷазираҳое, ки ба Нидерландия, Британияи Кабир, Фаронса ва ИМА тааллуқ доранд, ҳодисаҳои нави ба бемории А(Н1N1) гирифтор шудани одамон ба қайд гирифта шуд. Бемории мазкур аз ҷумла дар Афғонистон, Судон, ҷазираҳои Самоа ва Антил низ ошкор карда шуд. То 27 июл ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба қайд гирифтани 134 ҳазор бемор хабар дода шуд. Шумораи беморон дар Аврупо ба 16 ҳазор нафар мерасад. Дар Русия то имрӯз 28 бемор ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо ба қарибӣ аз сафари мамлакатҳои хориҷӣ баргаштаанд. Сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко 28 июл пешниҳод кард, ки ба хориҷа фиристодани гурӯҳҳои бачагон вобаста ба паҳн гардидани ин беморӣ муваққатан манъ карда шавад. Созмони ҷаҳонии саломатӣ охири моҳи июн дар давоми бештар аз 40 соли фаъолияташ бори аввал ба паҳн гардидани бемории А(Н1N1) дараҷаи шашумро муносиб донист. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бояд ба муқобили беморӣ мубориза баранд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






