БИР БАРОИ ТОҶИКИСТОН 20 МЛН. ДОЛЛАР ҶУДО НАМУД

Июль 28, 2009 16:36

                    Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) доир гардид.                    Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе имзо карданд. Инчунин, як созишномаи дигар байни Ҳукумати ҶТ ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди соҳибкории деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА аз ҷониби раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе ба имзо расид.                    Ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе баъди анҷоми маросими ба имзорасии созишномаҳои мазкур тазаккур дод, ки Бонки исломии рушд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, аз раванди татбиқи лоиҳаҳои ин бонк дар ҶТ қаноатманд аст.  Ба имзо расидани ин созишномаҳо ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо БИР вусъат дода, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад кард.

Июль 28, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд