БИР БАРОИ ТОҶИКИСТОН 20 МЛН. ДОЛЛАР ҶУДО НАМУД
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) доир гардид. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе имзо карданд. Инчунин, як созишномаи дигар байни Ҳукумати ҶТ ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди соҳибкории деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА аз ҷониби раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе ба имзо расид. Ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе баъди анҷоми маросими ба имзорасии созишномаҳои мазкур тазаккур дод, ки Бонки исломии рушд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, аз раванди татбиқи лоиҳаҳои ин бонк дар ҶТ қаноатманд аст. Ба имзо расидани ин созишномаҳо ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо БИР вусъат дода, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






