БОИНГ 737 ДУШАНБЕРО БО ФРАНКФУРТ ПАЙВАСТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дирӯз дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бахшида ба натиҷаҳои нимаи аввали соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр ба хабарнигорон гуфт, ки тавассути ҳама намудҳои нақлиёт нақшаи боркашонӣ ба андозаи 9 млн. 208 ҳазору 60 тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ 75 млн. 571 ҳазору 300 мусофирро ташкил дод. Ин нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли 2008 мутаносибан 102,5 ва 101,6%-ро ташкил медиҳад. Инчунин ба воситаи нақлиёти автомобил дар 6 моҳи аввали соли 2009 2 млн. 411 ҳазору 500 тонна бор ва 74 млн. 922 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 105,2% ва 101,7% -ро ташкил медиҳад. Абдураҳим Ашӯр қайд намуд, ки бо дастрас намудани тайёраҳои калонҳаҷми ғарбӣ фаъолияти тайёраҳои тамғаи ТУ-154 маҳдуд гардид. Аз ин лиҳоз, қарор дода шуд, ки ҳавопаймоҳои ТУ-154 барои истифодаи тӯлонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дода шавад. Ин барои дарёфти маблағҳои иловагӣ, бо кор таъмин намудани ҳавонавардон ва муҳандисони техникӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо мусоидат менамояд. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 2 адад тайёраи нави тамғаи Боинг 737 — 800 дорад, ки дар хатсайрҳои Москва ва Дубай парвоз мекунанд. Ҳавопаймоҳои ширкати мазкур ояндаи наздик ба шаҳри Франкфурти Олмон парвоз хоҳанд кард. Ин дастоварди тоза дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоии кишвар ба ҳисоб меравад, гуфт Абдураҳим Ашӯр.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






