БОИНГ 737 ДУШАНБЕРО БО ФРАНКФУРТ ПАЙВАСТ МЕНАМОЯД

Июль 17, 2009 15:18

                 Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дирӯз дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бахшида ба натиҷаҳои нимаи аввали соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гашт.                  Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр ба хабарнигорон гуфт, ки тавассути ҳама намудҳои нақлиёт нақшаи боркашонӣ ба андозаи 9 млн. 208 ҳазору 60 тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ 75 млн. 571 ҳазору 300 мусофирро ташкил дод. Ин нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли 2008 мутаносибан 102,5 ва 101,6%-ро ташкил медиҳад.                   Инчунин ба воситаи нақлиёти автомобил дар 6 моҳи аввали соли 2009 2 млн. 411 ҳазору 500 тонна бор ва 74 млн. 922 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 105,2% ва 101,7% -ро ташкил медиҳад.                   Абдураҳим Ашӯр қайд намуд, ки бо дастрас намудани тайёраҳои калонҳаҷми ғарбӣ фаъолияти тайёраҳои тамғаи ТУ-154 маҳдуд гардид. Аз ин лиҳоз, қарор дода шуд, ки ҳавопаймоҳои ТУ-154 барои истифодаи тӯлонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дода шавад. Ин барои дарёфти маблағҳои иловагӣ, бо кор таъмин намудани ҳавонавардон ва муҳандисони техникӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо мусоидат менамояд.                   Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 2 адад тайёраи нави тамғаи Боинг 737 — 800 дорад, ки дар хатсайрҳои Москва ва Дубай парвоз мекунанд. Ҳавопаймоҳои ширкати мазкур ояндаи наздик ба шаҳри Франкфурти Олмон парвоз хоҳанд кард. Ин дастоварди тоза дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоии кишвар ба ҳисоб меравад, гуфт Абдураҳим Ашӯр.  

Июль 17, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад