БОНКҲО БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ХАТЛОН МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАНД

Июль 15, 2009 11:59

             Қӯрғонтеппа, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бонкҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Хатлон беш аз 344 миллион сомонӣ ҷудо карданд. Аз конференсияи матбуотии дар шӯъбаи Қӯрғонтеппа будаи Бонки миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 41,57%-и ин маблағ барои пешрафти соҳаи хоҷагии кишоварзӣ ва тиҷорати соҳавӣ, 15,6% барои рушди соҳаи савдо ва 41,5% барои рушди соҳаҳои саноат ва сохтмон сарф карда мешавад.            Инчунин қайд карда шуд, ки дар соли 2008 барои рушди пахтакорӣ 108,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз маблағи қарз 48,5 миллион сомонӣ баргардонда шуд, ки ин 45% -и маблағи қарзро ташкил медиҳад. Имсол барои пешрафти соҳаи пахтакорӣ 51, 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Июль 15, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд