БОНКҲО БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ХАТЛОН МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАНД
Қӯрғонтеппа, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бонкҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Хатлон беш аз 344 миллион сомонӣ ҷудо карданд. Аз конференсияи матбуотии дар шӯъбаи Қӯрғонтеппа будаи Бонки миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 41,57%-и ин маблағ барои пешрафти соҳаи хоҷагии кишоварзӣ ва тиҷорати соҳавӣ, 15,6% барои рушди соҳаи савдо ва 41,5% барои рушди соҳаҳои саноат ва сохтмон сарф карда мешавад. Инчунин қайд карда шуд, ки дар соли 2008 барои рушди пахтакорӣ 108,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз маблағи қарз 48,5 миллион сомонӣ баргардонда шуд, ки ин 45% -и маблағи қарзро ташкил медиҳад. Имсол барои пешрафти соҳаи пахтакорӣ 51, 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






