БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД

Июль 13, 2009 09:26

                   Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи 12 июл дар ҷараёни нахустин сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба вилояти Суғд ташриф овард. Ӯро дар ин сафар Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳамроҳӣ намуд.                    Роҳбари маркази матбуот ва иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд меҳмони олиқадрро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.                     Сафари Президенти Ҷумҳурии Латвия ва ҳайати ҳамроҳонаш ба вилояти Суғд ҷиҳати ошноии ҳарчӣ бештар бо вилояти Суғд, инчунин вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифт.                      Зимни боздид аз вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс нахуст аз Мактаб-интернати махсусгардонидашудаи Президентӣ барои хонандагони боистеъдод дар шаҳри Чкалов дидан карда, сипас, аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, Маҷмааи масҷиди Шайх Маслиҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид ба амал овард.                     Президенти Латвия Валдис Затлерс ҳангоми боздид аз корхонаи муштараки «Ҷваонӣ» аз ҷараёни корҳои ин корхона аз наздик ошно гашта, зикр кард, ки густариш додани робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни Латвия ва яке аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ҳарду ҷониб манфиатовар аст.                    Валдис Затлер аз Боғи миллӣ низ дидан намуда, бо фаъолияти кишоварзони тоҷик, ки дар инҷо ба парвариши зироатҳои гуногун машғуланд, ошно гашт.                    «Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва ҷумҳурии Латвия мизи мудаввар доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси вилояти Суғд Амонҷон Эшонқулов оғоз карда, зикр дошт, ки тайи солҳои охир равобити иқтисодии ҳарду ҷониб рӯ ба инкишоф ёфта бошад ҳам, лекин ҳоло тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода нашудаанд. Аз ҷониби меҳмонон ҳадафи сафари ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Латвияро сардори Агентии сармоягузорӣ ва рушди Латвия Андрис Озлс шарҳ дода, барқарорсозии робитаҳои анъанавии иқтисодиро миёни Тоҷикистону Латвия барои ҳарду кишвар судбахш арзёбӣ кард. Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар бобати ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори ақида намуданд», — гуфт И. Ҷамолов.                   Ёдрас мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Латвия рӯзи шанбеи 11 июл бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, сафари ӯ дар Тоҷикистон то 14 июл идома хоҳад кард.

Июль 13, 2009 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд