БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи 12 июл дар ҷараёни нахустин сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба вилояти Суғд ташриф овард. Ӯро дар ин сафар Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳамроҳӣ намуд. Роҳбари маркази матбуот ва иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд меҳмони олиқадрро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Латвия ва ҳайати ҳамроҳонаш ба вилояти Суғд ҷиҳати ошноии ҳарчӣ бештар бо вилояти Суғд, инчунин вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифт. Зимни боздид аз вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс нахуст аз Мактаб-интернати махсусгардонидашудаи Президентӣ барои хонандагони боистеъдод дар шаҳри Чкалов дидан карда, сипас, аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, Маҷмааи масҷиди Шайх Маслиҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид ба амал овард. Президенти Латвия Валдис Затлерс ҳангоми боздид аз корхонаи муштараки «Ҷваонӣ» аз ҷараёни корҳои ин корхона аз наздик ошно гашта, зикр кард, ки густариш додани робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни Латвия ва яке аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ҳарду ҷониб манфиатовар аст. Валдис Затлер аз Боғи миллӣ низ дидан намуда, бо фаъолияти кишоварзони тоҷик, ки дар инҷо ба парвариши зироатҳои гуногун машғуланд, ошно гашт. «Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва ҷумҳурии Латвия мизи мудаввар доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси вилояти Суғд Амонҷон Эшонқулов оғоз карда, зикр дошт, ки тайи солҳои охир равобити иқтисодии ҳарду ҷониб рӯ ба инкишоф ёфта бошад ҳам, лекин ҳоло тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода нашудаанд. Аз ҷониби меҳмонон ҳадафи сафари ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Латвияро сардори Агентии сармоягузорӣ ва рушди Латвия Андрис Озлс шарҳ дода, барқарорсозии робитаҳои анъанавии иқтисодиро миёни Тоҷикистону Латвия барои ҳарду кишвар судбахш арзёбӣ кард. Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар бобати ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори ақида намуданд», — гуфт И. Ҷамолов. Ёдрас мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Латвия рӯзи шанбеи 11 июл бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, сафари ӯ дар Тоҷикистон то 14 июл идома хоҳад кард.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






