БОЗДОШТИ ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ПАНҶИ ПОЁН
Қӯрғонтеппа, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён қочоқи навбатӣ пешгирӣ карда шуд. Тавре роҳбари маркази матбуоти Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон Олимхон Шарифов иттилоъ дод, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зокир Саид Маҳмад боздошт шуд, ки мехост 6 тангаро аз Тоҷикистн ба тарафи Афғонистон гузаронад. Олимхон Шарифов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки чор танга аз шумораи умумии тангаҳо аҳамияти фарҳангӣ дошта ба асрҳои 2-4 пеш аз мелод ва 3 мелодӣ тааллуқ доранд. Ба иттилои О.Шарифов аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда ба прокуратураи вилояти Хатлон супорида шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






