БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИ ТОҶИКИСТОН 73- СОЛА ШУД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-3 июл дар саросари мамлакат 73-солагии таъсиси Идораи бозрасии давлатии автомобили ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад. 3 июли соли 1936 бо қарори Шӯрои комиссарони халқ Низомномаи фаъолияти Инспексияи давлатии автомобили Раёсати умумии милисаи коргару деҳқони Комиссариати халқии корҳои дохилии ИҶСШ тасдиқ шуда буд. Дар он вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои идораи бозрасии давлатии автомобили ИҶСШ муайян карда шуда буданд. Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 60-уми асри гузашта ба Муоҳидаи байналхалқии ҳаракати роҳ ҳамроҳ гардид. Қоидаҳои ягонаи ҳаракати роҳ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз 1 январи соли 1961 ҷорӣ карда шуданд. Моҳи феврали соли 1992 вобаста ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори нави Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар ҳайати он Раёсати бозрасии давлатии автомобил ташкил карда шуд. Баъди ба охир расидани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон Низомномаи нави фаъолияти БДА тасдиқ карда шуд. Ҳамон солҳо қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» қабул карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобили ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар арафаи ҷашни 73-солагии БДА дар саросари ҷумҳурӣ озмуни корманди беҳтарини БДА гузаронида мешавад. Ба ғолибони он дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешаванд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






