БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИ ТОҶИКИСТОН 73- СОЛА ШУД

Июль 2, 2009 12:53

                Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-3 июл дар саросари мамлакат 73-солагии таъсиси Идораи бозрасии давлатии автомобили ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад. 3 июли соли 1936 бо қарори Шӯрои комиссарони халқ Низомномаи фаъолияти Инспексияи давлатии автомобили Раёсати умумии милисаи коргару деҳқони Комиссариати халқии корҳои дохилии ИҶСШ тасдиқ шуда буд. Дар он вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои идораи бозрасии давлатии автомобили ИҶСШ муайян карда шуда буданд.                Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 60-уми асри гузашта ба Муоҳидаи байналхалқии ҳаракати роҳ ҳамроҳ гардид. Қоидаҳои ягонаи ҳаракати роҳ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз 1 январи соли 1961 ҷорӣ карда шуданд. Моҳи феврали соли 1992 вобаста ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори нави Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар ҳайати он Раёсати бозрасии давлатии автомобил ташкил карда шуд.                 Баъди ба охир расидани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон Низомномаи нави фаъолияти БДА тасдиқ карда шуд. Ҳамон солҳо қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» қабул карда шуд.                 Аз дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобили ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар арафаи ҷашни 73-солагии БДА дар саросари ҷумҳурӣ озмуни корманди беҳтарини БДА гузаронида мешавад. Ба ғолибони он дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешаванд.

Июль 2, 2009 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид