БУРДУ БОХТИ СОҲАИ БОҶСИТОНӢ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми дохилидавлатии доду гирифти ҳуҷҷатҳои электронӣ торафт бештар ташаккул меёбад. Бинобар ин талабот ба беҳтар сохтан ва такмил додани низоми доду гирифти ҳуҷҷатҳои электронӣ бештар мегардад. Дар натиҷа дар байни мақомоти судии мамлакатҳои ИДМ зарурати бунёди низоми умумии доду гирифти ҳуҷҷатҳо ба миён омадааст. Тавре ки маълум аст, соли 2008 дар Душанбе дар маҷлиси сайёри Пленуми суди иқтисодии ИДМ лоиҳаи Барномаи фаъолияти Маркази иттилоотию ҳуқуқии ҳамкории мақомоти судии давлатҳои Иттиҳод муҳокима карда шуда буд. Иштирокчиёни маҷлис ин пешниҳодро якдилона маъқул дониста буданд. Моҳҳои октябру ноябри соли равон дар Пленуми навбатии Суди иқтисодии ИДМ пешниҳоду дархостҳо ва мулоҳизаҳои намояндагони мамлакатҳои Иттиҳод роҷеъ ба маркази мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Имрӯз дар шароити ривоҷ ёфтани ҳамкории мақомоти судии давлатҳои ИДМ ва Суди иқтисодии ИДМ фаъол гардидани системаи иттилоотию технологии марбута талаботи замон мебошад. Дар ин бора дирӯз раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхӯҷа Ғоибназаров дар ҷараёни нишасти матбуотӣ сухан ронд. Вай натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судиро дар давоми нимаи аввали соли 2009 таҳлил намуда, зикр кард, ки судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар ин муддат 1217 парвандаро муҳокима карданд. Аз ин ҷумла 227 парванда дар Суди олии иқтисодӣ муҳокима карда шуд. Дар натиҷа аз ҳисоби ҷамъоварии маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети мамлакат 3 миллиону 211 ҳазору 158 сомонӣ ворид гардид. Ин нисбат ба нимаи аввали соли 2008 — ум 57 ҳазору 565 сомонӣ зиёд аст. Дар давоми шаш моҳ иҷрокунандагони судҳо 12 ҳукмномаро иҷро карда, 664 ҳазору 947 сомонӣ ва 414 ҳазору 146 рубли Русияро ҷамъ оварданд. Илова бар ин аризаҳои шикоятӣ ба маблағи 10 миллиону 521 ҳазору 198 сомонӣ ва 161 ҳазору 729 доллари ИМА қонеъ гардонда шуданд. Тарҷумон — Қудратов А.