ЧАРО ДУХТУРОНИ ҶАВОН ДАР МИНТАҚАҲО КОР НАМЕКУНАНД?

Июль 13, 2009 11:48

                      Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Сабаби ба ҷои кор нарафтани хатмкунандагон ин паст будани маоши вазифавӣ, набудани дастгирию ҳавасмандкунии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, қайд намуданд 10 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.                      Мавзӯи асосии ҷаласаи мазкур то ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони соли 2007-2008-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино буд.                      Тавре иштирокчиёни ҷаласа қайд намуданд, соли 2008 тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардидаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ миқдори ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони солҳои 2007-2008 ба ҳисоби миёна 62.1%-ро ташкил медиҳад ва ин гувоҳи он аст, ки соли гузашта миқдори ба ҷои кор рафтагон 25.1% зиёд шудааст. Умуман аз 595 нафари ба ҷои кор фиристодашуда, 370 нафар ба ҷойҳои кории хеш рафтаанд.                     Дар соли 2008 миқдори ба ҷои кор рафтагонро аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (65,6%), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (64,74%), ВМКБ (63,6%) ва аз ҳама кам дар вилояти Хатлон (54,1%) ташкил медиҳад. Ҳол он, ки нишондиҳандаи таъминкунӣ (9.1) ва банд будани штатҳои табибон (64.9) низ аз ҳама кам дар ҳамин вилоят мебошад.                      Нисбат ба солҳои гузашта миқдори хатмкунандагони ба ҷои кор рафта зиёд шуда бошад ҳам, ҳалли масъалаи мазкур андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд, қайд намуданд иштирокчиёни ҷаласа.      

Июль 13, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд