ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАЪЮБОН
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар толори Маркази фарҳангии ҷaвонон «Ориёно» бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки маъюбон баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон» ки ҳамасола дар ин рӯз чорабиниҳои идона бо иштироки маъюбони шаҳри Душанбе ва намояндагони ташкилотҳои минтақавии Иттиҳодия баргузор мегардонад, созмон дод. Тавре иштирокчиёни чорабинӣ қайд намуданд, ҳадафи аслии баргузории ин чорабиниҳо исбот кардани он, ки маъюбон низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд, ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдудро беҳ гардонад. Дар фарҷоми ин ҷаласа чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳаваскорони маъюб баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






