ДАР БАДАХШОН 17 НАФАР ХУДКУШӢ КАРДАНД

Июль 24, 2009 13:33

                   Хоруғ, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Теъдоди ҳодисаҳои сӯиқасд ба ҷони худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ се баробар афзудааст. Тавре муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи ВМКБ Ҳайдар Ҳайбаров иттилоъ дод, дар ин муддат дар қаламрави вилоят 17 ҳодисаи худкушӣ ва талоши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар зиёдтар аст. Аз ҷумла 13 нафар мард ва 4 нафар зан даст ба худкушӣ заданд. Ба гуфтаи муфаттиш аз рӯи ҳамаи 17 ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд, вале хешу табори ҳамаи фавтидагон аз ҳамкорӣ бо муфаттишон даст кашидаанд. Ҳайбаров ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи хулосаи муфаттишон се худкушӣ аз тарафи ашхоси рӯҳан бемор, 3 ҳодиса дар ҳолатҳое, ки шароити иқтисодиашон хело паст, 5 ҳодиса ҳангоми муқовиматҳои оилавӣ руҳдода, 1 ҳодисаи худкушӣ аз тарафи майзада ба қайд гирифта шудааст.                   Сабабҳои ба худкушӣ даст задани 5 нафари дигар номаълум аст, иброз дошт Ҳ. Ҳайдаров.

Июль 24, 2009 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд