ДАР ДМТ 275 ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Июль 9, 2009 14:35

                   Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 275 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд, қайд намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар нишасти матбуотие, ки 9 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.                   Аз ин теъдод 48 нафар донишҷӯ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, 16 нафар магистрант, 18 нафар шунаванда дар Маркази омӯзиши забонҳои факултети филология, 165 нафар ба сифати унвонҷӯ ва 28 нафар ба ҳайси аспирант дар шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳ таҳсил менамоянд.                 Соли равон дар факултети фалсафаи Донишгоҳ «Маркази фарҳангию таълимии Конфутсий дар назди ДМТ» кушода шуд. Ҳоло дар Марказ беш аз 100 нафар шунавандагон ба омӯзиши забони хитоӣ машғул мебошанд.                  Барои дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ ҷорӣ намудани фанни ҳуқуқи зан ва таҳияи барнома ва китоби дарсӣ дар ин мавзӯъ бо ташкилоти ЮНИФЕМ-и Созмони Миллали Муттаҳид ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ барои ду сол созишнома ҳосил шуд.                   Дар фарҷом Н. Саидов ва муовинони ӯ ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Июль 9, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд