ДАР ДОНИШКАДАИ САНЪАТ ИХТИХОСИ НАВ БА РОҲ МОНДА ШУД

Июль 23, 2009 13:50

                  Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имсол Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро 180 нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла 16 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд. Ҳамаи хатмкунандагони донишкада бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои назарраси ин муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ректори Донишкадаи санъат Аслиддин Низомов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма хабар дод. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки имсол донишкада имкони кабули 445 нафар довталабонро дорад, ки нисбат ба соли гузашта 50 нафар зиёдтар аст. Таваҷҷӯҳи довталабон асосан ба факултаҳои театрӣ- бадеӣ, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ буда, имрӯз дар ин бахшҳо зиёд ҳуҷҷат супорида шуд. Махсусан ҷавонон ба факултаи китобдорӣ шавқ пайдо намуда, дар ин бахш довталабон тариқи конкурс қабул карда мешаванд.                  «Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ то кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллӣ, мо вазифадор шудем, ки дар ин соҳа 300 нафар мутахассиси олидараҷа тайёр намоем», — илова намуд ректори донишкада.                   А. Низомов аз дастовардҳои дигари донишкада мубодилаи афкор намуда, зикр намуд, ки аввалин маротиба дар таърих дар қатори 112 Донишкадаи санъати ҷаҳон Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба Ассотсиатсияи байналмилалии донишкадаҳои ҳунар аъзо шуд.                  «Албатта дар қатори ин комёбиҳо дар фаъолияти мо камбудиҳо низ ҷой доранд. Мутаассифона, тармими бинои донишкада бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ба таъхир гузошта шуд. Имсол аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба донишкада ягон ҳуҷҷат ворид нагардид, ки ин низ моро ба ташвиш меорад, зеро шаҳри мазкур дар соҳаи фарҳанг умуман мутахассис надорад ва имрӯз театрҳои он қариб, ки фаъолият намекунанд. Хуб мешуд, ки барои ҷалби истеъдодҳои ҷавон роҳбарони шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, онҳоро дастгирӣ намоянд».- афзуд А. Низомов.                   Донишкадаи санъат бо донишкадаҳои ҳунари мамлакатҳои дигар ҳамкориҳои таълимию илмӣ дошта, ният дорад, ки соли оянда барои такмили ихтисос омӯзгоронро ба Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Челябинск фиристонад.

Июль 23, 2009 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид