ДАР ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ КАФЕДРАИ НАВ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он ректори донишкада Файзалӣ Комилов дар бораи натиҷаҳои корҳои таълиму тарбия ва илмии донишкада дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, қайд намуд, ки имсол донишкадаро 551 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 22 нафар бо дипломи сурх хатм намуданд. Сессияи санҷишу имтиҳоноти давраи тобистона бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст карда шуд. Донишкада дар озмунҳо иштирок намуда, барандаи гранти хазинаи Сорос шуд ва бо дастгирии бевоситаи ин грант кафедраи идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ таъсис дода шуда бо техникаи нав муҷаҳҳаз гардид.Ӯ қайд кард, ки дар давоми соли хониши 2008-2009 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, курсҳои махсуси соҳибкориро таъсис намуд, ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз кард. Ҳамкории бомуваффақияти донишкада бо чандин донишгоҳу муассисаҳо, аз ҷумла Донишгоҳи соҳибкорӣ ва сервиси шаҳри Москва, Донишгоҳи Фотеҳи Туркия, Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳурӣ ва маркази «Мадади соҳибкор» идома дорад. Ҳамчунин Ф. Комилов илова намуд, ки имрӯз кафедраи туризм ва маркетинги донишкада бо Академияи Улуми Тоҷикистон дар иҷрои як лоиҳаи муштарак бо номи «Роҳ ва усулҳои такмили тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи туризм барои солҳои 2010-2012» ҳамкорӣ менамоянд. Имрӯз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат пурра ба низоми кредитии таҳсил фаро гирифта шуда, дар он 3709 нафар донишҷӯ дар факултаҳои- Соҳибкорӣ ва менеҷмент, Бизнес ва молия, Туризм , аудит ва маркетинг, аз рӯи 9 ихтисос таҳсил менамоянд. 22 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Казоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дар ин донишкада мехонанд ва бо хобгоҳи замонавӣ таъминанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






