ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ БОНКИ МИЛЛИИ ПОКИСТОН КУШОДА МЕШАВАД

Июль 29, 2009 16:17

                   Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Осаф Алии Зардорӣ имрӯз баъди анҷоми мулоқоташон ва гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ҷониби Покистон тайёр аст, барои ҳамлу нақли молҳои Тоҷикистон ба воситаи бандарҳои баҳрии Карочи ва Гвадар шароит муҳайё созад.                  Қайд карда шуд, ки бо ин мақсад фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории ҳар ду мамлакатро густариш додан зарур аст. Тибқи дастури сарони давлатҳо аъзои комиссияи мазкур барномаи рушди ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, илму техника ва фарҳанг таҳия месозанд.                  Мо ҷониби Покистонро даъват намудем, ки ҳамкориро бо мамлакати мо дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, хатҳои интиқоли барқ, туризм, истеҳсоли дору ва кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ вусъат бахшад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                 Таъкид шуд, ки парвози ҳавопаймоҳхои мусофирбар дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод то охири соли 2009 аз нав ба роҳ монда мешавад.                  Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар ду кишвар ҳамкориро дар бобати тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор идома хоҳанд дод. Вай хабар дод, ки ояндаи наздик дар Душанбе филиали Бонки миллии Покистон кушода хоҳад шуд.                  Сафари расмии Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Тарҷумон — Қудратов А.  

Июль 29, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд