ДАР МАСКАВ БУНЁДИ КЎМАК БА БАЧАГОНИ БЕПАРАСТОР АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАЪСИС ЁФТ
Маскав, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав бунёди махсуси хайрияи ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак ба қайд гирифта шуд, ки «Модар маро бикоб!» ном дорад. Директори генералии бунёди мазкур Мадина Юлдошева мебошад. Вай зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки солҳои охир шумораи кӯдакони бесаробон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар кӯчаю бозорҳо ва муассисаҳои томактабии Федератсияи Руси чандин баробар зиёд гардидааст. Бисёр коргарони муҳоҷири ин мамлакатҳо дар Федератсияи Русия хонадор шуда, соҳиби фарзанд мегарданд, ва баъд онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд. Ин проблема чанд рӯз пеш зимни мулоқоти муовини аввали роҳбари раёсати сиёсати оила ва ҷавонони Ҳукумати Маскав Татяна Неверова бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва миллатҳои дигари сокини Русия муҳокима карда шуд. Факту рақамҳои зимни мулоқот мисоловардашуда дар бораи теъдоди бачагони бесаробон ҳамаро ба ҳайрат овард. Дар байни онҳо фарзандони мардикорони муҳоҷири тоҷик низ хеле зиёданд. Инчунин бачагони бесаробонмондаи мардикорони муҳоҷири қирғиз, ӯзбек ва қазоқ низ сол то сол бештар мегарданд. Яке аз муассисони бунёди мазкур коргардони маъруфи кинои Тоҷикистон Бахтиёр Худойназаров мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






