ДАР МАСКАВ БУНЁДИ КЎМАК БА БАЧАГОНИ БЕПАРАСТОР АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАЪСИС ЁФТ

Июль 8, 2009 12:20

                    Маскав, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав бунёди махсуси хайрияи ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак ба қайд гирифта шуд, ки «Модар маро бикоб!» ном дорад. Директори генералии бунёди мазкур Мадина Юлдошева мебошад. Вай зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки солҳои охир шумораи кӯдакони бесаробон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар кӯчаю бозорҳо ва муассисаҳои томактабии Федератсияи Руси чандин баробар зиёд гардидааст. Бисёр коргарони муҳоҷири ин мамлакатҳо дар Федератсияи Русия хонадор шуда, соҳиби фарзанд мегарданд, ва баъд онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд. Ин проблема чанд рӯз пеш зимни мулоқоти муовини аввали роҳбари раёсати сиёсати оила ва ҷавонони Ҳукумати Маскав Татяна Неверова бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва миллатҳои дигари сокини Русия муҳокима карда шуд.                   Факту рақамҳои зимни мулоқот мисоловардашуда дар бораи теъдоди бачагони бесаробон ҳамаро ба ҳайрат овард. Дар байни онҳо фарзандони мардикорони муҳоҷири тоҷик низ хеле зиёданд. Инчунин бачагони бесаробонмондаи мардикорони муҳоҷири қирғиз, ӯзбек ва қазоқ низ сол то сол бештар мегарданд. Яке аз муассисони бунёди мазкур коргардони маъруфи кинои Тоҷикистон Бахтиёр Худойназаров мебошад.  

Июль 8, 2009 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид