ДАР МУРҒОБ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Июль 24, 2009 16:38

                 Мурғоб, 24 июл.(АМИТ «Ховар»Л.Додо).- Дар ноҳияи Мурғоб барои барқарор сохтани анъанаҳои неки замони гузашта тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Аз ҷумла, чанде пеш дар ин ҷо ҷашнвораи «Ач-Чабиш» баргузор гардид. Дар он асосан мусобиқаҳои варзишии марбут ба аспсаворӣ, аз ҷумла пойга, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, мусобиқаи аспдавонии писарону духтарон ва ғайра сурат гирифтанд.                Раиси ноҳия Майрамбек Тӯйчиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ин бозиҳои қадимтарини анъанавии тоҷикон ва қирғизҳо буда, дар замони шуравӣ тақрибан фаромӯш гардида буданд.                Мусобиқаи аспдавонии писару духтар тамошобинонро ба ваҷд овард. Қоидаи бозӣ чунин аст, ки писар бояд аспи давони духтарро дарёфт карда ӯро бӯсад.Танҳо дар ҳамин маврид писару духтар ба ҳамдигар номзад карда мешаванд. Инчунин мусобиқаи гулдастабардории аспсаворон диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Дар ин мусобиқа қариб 50 нафар човандоз ширкат варзид.               Ғайр аз ин рӯзи ҷашнвора дар маркази ноҳия намоиши маҳсулоти дастони устоҳои халқӣ ва соҳаи чорвопарварӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни он ҳунарпешагони касбӣ ва овозхонони ҳаваскор хотири ҷамъомадагонро бо суруду таронаҳои дилкашу форам хуш гардонданд.               Раиси ноҳия афзуд, ки ҷашнвора ва мусобиқаҳои варзишӣ бо кӯмаки молиявии Сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳадафи он барқарор сохтани расму оин ва анъанаҳои неки замони гузашта мебошад. Мо инчунин ба ин васила таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ба минтақа ҷалб менамоем, гуфт Майрамбек Тӯйчиев. Шароити иқлими ВМКБ , аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ба рушди соҳаи туризм имконияти калон медиҳад. Дар ноҳияи мо туризми аспсавориро ривоҷ додан мумкин аст. Зеро дар шароити кӯҳистон на ҳама вақт имконияти истифодаи воситаҳои нақлиёт мавҷуданд. Бинобар ин сайёҳон савори асп манзараҳои дилфиреби ин минтақаро тамошо карда, бо таассуроти нек бармегарданд, гуфт дар хотима раиси ноҳияи Мурғоб.

Июль 24, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд