ДАР МУРҒОБ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД
Мурғоб, 24 июл.(АМИТ «Ховар»Л.Додо).- Дар ноҳияи Мурғоб барои барқарор сохтани анъанаҳои неки замони гузашта тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Аз ҷумла, чанде пеш дар ин ҷо ҷашнвораи «Ач-Чабиш» баргузор гардид. Дар он асосан мусобиқаҳои варзишии марбут ба аспсаворӣ, аз ҷумла пойга, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, мусобиқаи аспдавонии писарону духтарон ва ғайра сурат гирифтанд. Раиси ноҳия Майрамбек Тӯйчиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ин бозиҳои қадимтарини анъанавии тоҷикон ва қирғизҳо буда, дар замони шуравӣ тақрибан фаромӯш гардида буданд. Мусобиқаи аспдавонии писару духтар тамошобинонро ба ваҷд овард. Қоидаи бозӣ чунин аст, ки писар бояд аспи давони духтарро дарёфт карда ӯро бӯсад.Танҳо дар ҳамин маврид писару духтар ба ҳамдигар номзад карда мешаванд. Инчунин мусобиқаи гулдастабардории аспсаворон диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Дар ин мусобиқа қариб 50 нафар човандоз ширкат варзид. Ғайр аз ин рӯзи ҷашнвора дар маркази ноҳия намоиши маҳсулоти дастони устоҳои халқӣ ва соҳаи чорвопарварӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни он ҳунарпешагони касбӣ ва овозхонони ҳаваскор хотири ҷамъомадагонро бо суруду таронаҳои дилкашу форам хуш гардонданд. Раиси ноҳия афзуд, ки ҷашнвора ва мусобиқаҳои варзишӣ бо кӯмаки молиявии Сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳадафи он барқарор сохтани расму оин ва анъанаҳои неки замони гузашта мебошад. Мо инчунин ба ин васила таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ба минтақа ҷалб менамоем, гуфт Майрамбек Тӯйчиев. Шароити иқлими ВМКБ , аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ба рушди соҳаи туризм имконияти калон медиҳад. Дар ноҳияи мо туризми аспсавориро ривоҷ додан мумкин аст. Зеро дар шароити кӯҳистон на ҳама вақт имконияти истифодаи воситаҳои нақлиёт мавҷуданд. Бинобар ин сайёҳон савори асп манзараҳои дилфиреби ин минтақаро тамошо карда, бо таассуроти нек бармегарданд, гуфт дар хотима раиси ноҳияи Мурғоб.









Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






