ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ 4709 ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлия фаъолияти судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва Мастчоҳи вилояти Суғд, судҳои ҳарбӣ ва иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба масъалаҳои сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маводҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давраи соли 2008 ва се моҳи соли ҷорӣ мавриди санҷиш ва таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Натиҷаҳои онҳо дар ҷаласаи Шӯрои адлия муҳокима карда шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва беҳтар намудани фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дастуру тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд», — қайд кард раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотие, ки 22 июл дар Душанбе шуда гузашт. Инчунин, қайд карда шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти судҳо дар самти баррасии саривақтии парванда, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок бо Фармони раиси Шӯрои адлия, нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст, ки мутобиқи он шахсони масъули Дастгоҳи Шӯрои адлия ба судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе, суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе вобаста карда шудаанд, ва онҳо ҳар 10 рӯз як маротиба фаъолияти судҳои номбурдаро санҷида, аз натиҷаи он ба роҳбарияти Шӯрои адлия ахбор пешниҳод менамоянд. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо таҳлил аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ натиҷагирӣ намуда, қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба судҳои ҷумҳурӣ 4709 парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 адад зиёд мебошад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






