ДАР НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОНУ УЙҒУРИ ЧИН ҚУЮДИ ШАБГАРДЇ ҶОРЇ КАРДА ШУД

Июль 8, 2009 12:19

                   Пекин 8 июл. (АМИТ «Ховар», РБК).- Мақомоти Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба муташанниҷ гардидани вазъият ва паҳн шудани мавҷи ошӯбҳо дар минтақа дар маркази ноҳия — шаҳри Урумчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ намуданд. Қуюди шабгардӣ аз соати 21 то 8-и субҳ давом мекунад. Котиби кумитаи ҳизби коммунисти Чин дар минтақа Ван Лекван хабар дод, ки дар ин муддат рафту омади сокинони маҳаллӣ ва нақлиёт бештар таҳти назорат қарор дода хоҳад шуд. Вай роҳбарони корхонаю муассисаҳоро даъват намуд, ки коргаронро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд. Ба аҳолии маҳаллӣ дастур дода шуд, ки баҳудаю беҳуда ба кӯчаҳо набаромада, аз гирдиҳамоӣ ва намоишҳо худдорӣ кунад.                 Агентии хабаррасонии «Синхуа» хабар медиҳад, ки бетартибиҳои оммавӣ дирӯз дар бисёр шаҳрҳои минтақа давом доштанд. Политсия барои пароканда кардани намоишгарон аз гази ашковар истифода бурд.                  Аз рӯи хабарҳои расида, танҳо дар шаҳри Урумчӣ бар асари бетартибиҳои оммавӣ 156 нафар ҳалок гардид.

Июль 8, 2009 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд