ДАР РУСИЯ ТЕЪДОДИ БЕМОРОНИ A/HINI МЕАФЗОЯД

Июль 24, 2009 14:32

                 Маскав, 24 июл. (АМИТ «Ховар»-Нюс.ру).- Агентии иттилоотии «Новый регион» хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Екатеринбург 5 нафар бо бемории A/HINI ба шифохона фиристода шуд. Бояд гуфт, ки беморони мазкур бо теъдоди хеле зиёди одамон дар тамос буданд.                  Хуни беморон барои ташхиси аниқ ба озмоишгоҳҳои тиббии Новосибирск фиристода шуд. Ҳамин тариқ шумораи умумии беморон дар Екатеринбург ба 10 нафар расид. Аз ҷумлаи беморон 8 нафар талабагони мактабҳое мебошанд, ки барои омӯзиши забони англисӣ ба Британияи Кабир рафта буданд. Баъди бозгашт дар онҳо аломатҳои бемории A/HINI мушоҳида карда шуд. 3 бемори дигар хешу таборони талабагони мазкур мебошанд. Чанд нафар бемори дигар дар вилояти Перм ба қайд гирифта шуд. Бемори мазкур чанд рӯз пеш аз сафари Туркия баргашта буд.                  Сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия Геннадий Онишенко ба хабарнигорон гуфт, ки бемории мазкур дар қаламрави Русия бо суръат паҳн мегардад. То имрӯз чунин беморон дар шахру вилояти Маскав, Санкт-петербург, Калуга ва вилояти Томск ба қайд гирифта шуданд. Тарҷумон Қудратов А.

Июль 24, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд