ДАР РУСИЯ ТЕЪДОДИ БЕМОРОНИ A/HINI МЕАФЗОЯД
Маскав, 24 июл. (АМИТ «Ховар»-Нюс.ру).- Агентии иттилоотии «Новый регион» хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Екатеринбург 5 нафар бо бемории A/HINI ба шифохона фиристода шуд. Бояд гуфт, ки беморони мазкур бо теъдоди хеле зиёди одамон дар тамос буданд. Хуни беморон барои ташхиси аниқ ба озмоишгоҳҳои тиббии Новосибирск фиристода шуд. Ҳамин тариқ шумораи умумии беморон дар Екатеринбург ба 10 нафар расид. Аз ҷумлаи беморон 8 нафар талабагони мактабҳое мебошанд, ки барои омӯзиши забони англисӣ ба Британияи Кабир рафта буданд. Баъди бозгашт дар онҳо аломатҳои бемории A/HINI мушоҳида карда шуд. 3 бемори дигар хешу таборони талабагони мазкур мебошанд. Чанд нафар бемори дигар дар вилояти Перм ба қайд гирифта шуд. Бемори мазкур чанд рӯз пеш аз сафари Туркия баргашта буд. Сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия Геннадий Онишенко ба хабарнигорон гуфт, ки бемории мазкур дар қаламрави Русия бо суръат паҳн мегардад. То имрӯз чунин беморон дар шахру вилояти Маскав, Санкт-петербург, Калуга ва вилояти Томск ба қайд гирифта шуданд. Тарҷумон Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






