ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ МУТАХАССИСОН НАМЕРАСАНД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати кишварҳои хориҷӣ дар соли хониши 2009-2010 19 нафар довталабони тоҷик аз имтиҳон гузаштанд. Дар Вазорати фарҳанги ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин донишҷӯён тибқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр 2007-2010» дар макотиби олии Россия, Украина, Қазоқистон ва Эрон таҳсил менамоянд. Дар вазорат қайд карданд, ки айни ҳол дар мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ 55 донишҷӯи тоҷик аз рӯи 27 ихтисос таҳсили ҳунар мекунанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал мекунанд, ки дар онҳо қариб 14 ҳазор донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2, 5 ҳазор устодони варзидаи соҳаи мазкур таълим медиҳанд. Бо вуҷуди ин ба гуфти ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддин Низомов дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ миқдори зиёди матахассисон намерасанд. Бахусус ин ҳолат бештар дар вилояти Хатлон мушоҳида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






