ДАР ТОҶИКИСТОН МАОШИ АЗ ҲАМА КАМ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИСТ

Июль 15, 2009 11:31

             Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 360 то 450 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фаъолият мекунанд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 15 июл раиси Кумитаи давлатии омори ҶТ Мирганд Шабозов зикр кард. Ӯ афзуд, ки бинобар сабаби таъсири манфии бӯҳрони молию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Русия шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ бекор ҳастанд ё бо музди нисбатан паст кор мекунанд. Аз ҷумла, танҳо бо баста шудани бозори Чекизи Маскав 20-23 ҳазор муҳоҷирони тоҷик бекор мондаанд. Раиси Кумитаи давлатии омор роҷеъ ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия рақами мушаххасе нагуфт, вале зикр кард, ки нисбат ба соли 2008 хеле кам аст. Инчунин, илова намуд, ки зимистони гузашта қисми муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби надоштани маблағ натавонистанд ба ватан баргарданд.              Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони кории тоҷик аз ФР дар соли 2008-ум 2,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода буд.              Зимнан, бояд гуфт, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон низ поён рафтааст. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, музди миёнаи номиналии кор, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи майи соли ҷорӣ 277 сомонию 24 дирам буд, ки нисбат ба моҳи апрели соли 2008-ум 2,7 фоиз кам шудааст.              Дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии моҳипарварӣ аз ҳама кам буда, 74 сомонию 58 дирам ва 115 сомонию 63 дирамро ташкил дод. Музди меҳнати аз ҳама баланд бошад, дар соҳаҳои сохтмон-670 сомонӣ, нақлиёт-632 сомонӣ, алоқа-591 ва саноат 477 сомонӣ ба назар мерасад.  

Июль 15, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд